25 майи соли 2023, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи 503) ҳимояи диссертатсияи Сафарзода Манучеҳри Наҷот дар мавзуи «Телевизион – омили ҳамгироии ҷамъиятӣ-сиёсӣ (дар мисоли телевизионҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050400 – Рӯзноманигорӣ (6D050401 – Рӯзноманигорӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

12:17, 25th August 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031