19 июни соли 2023, соати 11:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-058 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Иброгимова Рухшона Абдуллоевна дар мавзӯи «Нақши иқтидорҳои туристию рекреатсионӣ дар инкишофи иқтисодиёту иҷтимоиёти минтақа (дар мисоли минтақаи Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои география бо ихтисоси 25.00.24 - Географияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рекреатсионӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

22:43, 27th November 2025
«  Ноябрь 2025  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30