19 июни соли 2023, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-041 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Ҳусайнов Зубайдулло Қурбоналиевич дар мавзуи “Алоқамандии байни электрогузаронӣ ва гармигузаронии маҳлулҳои обии гидразин”, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси 6D060412– Физикаи гармо ва назарияи техникаи гармо баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раджабовҳо, 10 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

03:21, 4th July 2024
«  Декабрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031