26 сентябри соли 2023, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии якдафъинаи 6D.KOA-050 назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Н. Қаробоев 63/3, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Насимова Манижа Муминхоҷаевна дар мавзӯи «Коркарди конструксия ва усулҳои ҳисоби механизми сӯзанзанӣ бо амортизатори пружинӣ ва таркиби шарнирии мошинаи дӯзандагӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.02.13 – Мошинҳо, агрегатҳо ва равандҳои механикӣ (05.02.13.01 Илмҳои техникӣ), баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 63/3 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

04:33, 21st April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930