11 марти соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-068 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Зоитова Моҳира Маҳмадюсуфовна дар мавзуи “Таҳлили лингвистии ҳайати лексикии «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и Садриддин Айнӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 10.02.01. - Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

04:28, 3rd October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031