13 марти соли 2024, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-069 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, толори шурои олимони факултети филологияи тоҷик) ҳимояи диссертатсияи Мирзоева Маҳтовбӣ Мустафоевна дар мавзуи «Рӯзгор ва осори Ғоиб Сафарзода» барои дарёфти дараҷаи илми номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.04 – Таърихи адабиёт, равобити адабӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

00:32, 4th July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031