06 апрели соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (734019, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи Азимова Сайёра Назриевна дар мавзуи “Вижагиҳои навъҳои маънои луғавӣ дар маъношиносӣ (дар намунаи “Анвори Суҳайлӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.19 – Назарияи забон баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

00:38, 4th July 2024
«  Март 2024  »
ВПВСЧПС
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31