12 апрели соли 2024, соати 10:30 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-044 назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (734003, ш. Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33) ҳимояи диссертатсияи Табарзода Далер Раҳматуло дар мавзуи “Танзими ҳуқуқии назорати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.04 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи Академия бо нишонии 734003, ш. Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

02:16, 4th July 2024
«  Ноябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930