13-юми апрели соли 2024, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Ҷонмаҳмадов Исломиддин Тешаевич дар мавзуи «Методикаи таълими омӯзгорони ояндаи информатика бо ворид намудани системаи идоракунии курсҳои омӯзиши фосилавӣ дар фаъолияти касбӣ (дар мисоли LMS MOODLE)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D011101.02 – Назария ва методикаи таълими информатика, баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

22:25, 22nd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031