13-уми апрели соли 2024, соати 900 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-48 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Аламова Хатичамо Туйбошиевна дар мавзуи «Ҷанбаҳои педагогии ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯён ҳангоми омӯзиши физикаи умумӣ бо истифода аз технологияҳҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08.02 - Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (физика) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

21:19, 3rd July 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930