Рӯзи 28-уми сенятбр ҷаласаи навбатии Раёсати КОА баргузор гардид, ки дар кори он масъалаҳои зерин баррасӣ ва хулосабардорӣ карда шуданд:

  1. Оид ба ба тасдиқи шаҳодатномаҳои ихтисосҳои илмии

- 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ; идоракунии навоварӣ;
- 07.00.02 - Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик);
- 07.00.03 – таърихи умумӣ;
- 07.00.06 – бостоншиносӣ;
- 07.00.07 – мардумшиносӣ, қавмшиносӣ ва антропология;
- 07.00.09 – таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва усулҳои таҳқиқоти таърихӣ;
- 06.01.01 – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ;
- 06.01.05 – селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ;
- 06.01.06 – марғзорпарварӣ ва зироатҳои доруӣ, равғанию эфирӣ;
- 06.01.07 – муҳофизати растаниҳо;
- 14.01.01 – момопизишкӣ ва бемориҳои занона
- 14.02.03-Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ
- 14.02.02-Вогиршиносӣ.

2.Оид ба баррасии парвандаи аттестатсионӣ барои дарёфти унвони илмии дотсент.

3.Оид ба тасдиқи ҳайати шӯрои ташхис оид ба самтҳои математика, механика ва информатика

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

 

ҚАРОРИ
РАЁСАТИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

аз 28сентябри соли 20174/2                                                          ш. Душанбе

оид ба додани унвони илмӣ.

Раёсати комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи аттестатсионии довталаби дарёфти унвони илмии дотсент Эсаналиева Шахноза Акрамовнаро, ки аз тарафи шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, байторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ ба Раёсати КОА пешниҳод шуда буд баррасӣ намуда

Қ а р о р  м е к у н а д:

  1. Ба Эсаналива Шахноза Акрамова унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Физиология” дода шавад.
  2. Қарори мазкур дар муддати 10 рӯз ба сомонаи КОА ҷойгир карда шавад.
  3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи муовини раиси КОА Комилиён Ф.С. гузошта шавад.

 

Асос: қарори Комиссия оид ба баррасии парвандаҳои аттестатсионии довталабони дарёфти унвонҳои илмии дотсент, профессор ва маълумотномаи шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, байторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ.

 

Раиси раёсати КОА                                                       Розиқзода Ф.Ш.

Котиби илмии Раёсат                                                    Халилов Ш.Б.

 

Календарь

01:30, 4th July 2024
«  Июнь 2024  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30