Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (минбаъд - Комиссия) бораи соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 тасдиқ гардидааст ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дирӯз мулоқоти кормандони Комиссия бо подполковники адлия Турсунзода Шодком Худоймурод – сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 Дар оғози вохӯрӣ раиси Комиссия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ҳадафи ташкил ва баргузор намудани мулоқоти мазкурро шарҳ дода, таъкид доштанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо коррупсия дар мамлакат вусъат дода мешавад. Мулоқоти имрӯза низ дар доираи амалишавии Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Комиссия ва Нақшаи чорабиниҳои Комиссия ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир гашта истодааст. Таъкид гардид, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар тамоюлҳои барои илм бегонаву номатлуб Комиссия мунтазам тадбирҳои муассир меандешад. Мавсуф таъкид доштанд, ки хавфи коррупсия дар муассиса зиёд аст ва дар ин самт тадбирҳои мушаххасу муассир роҳандозӣ мегардад.

Дар баромади ифтитоҳии худ раиси Комиссия аз таърих ва таҷрибаи мубориза бо ин зуҳуроти барои рушди ҷомеа хавфнок дар дигар кишварҳо, инчунин аз фарҳанги волои ниёгон, ки ба тарбия, насиҳат ва талқин асос ёфтааст, мисолҳои дақиқ оварданд.

Сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Турсунзода Ш.Х. иброз намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи Стратегияи мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд.

Зарур дониста шуд, ки дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҳамаи субъектони муқовимат ба коррупсия бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро тариқи сомонаҳои расмӣ пурзӯр намоянд. Комиссия низ дар ин самт нақш ва саҳми бориз дорад.

Баланд бардоштани самаранокии кори комиссияҳои ҷамъиятии дохилиидоравӣ, амалӣ намудани тарғиби ҳатмии оммавии зиддикоррупсионӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, матбуоти даврӣ ва шабакаи интернет ва бо мақсади тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия рушди муназзами сомонаи расмии Комиссия ва интишори маълумот оид ба пешгирии коррупсия аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳим маънидод карда шуд.

Раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. дар охир вохӯриро ҷамъбаст намуда, ба подполковники адлия Турсунзода Ш.Х. барои суҳбати пурмуҳтаво ва ҳадафмандона изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, мавсуф вусъат додани фаъолият дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони Комиссияро дар зимн таъкид дошта, аз байн бурдани эҳтимолияти амалҳои коррупсиониро дар муассиса таъкид дошт.

Дар ҷамъбасти мулоқот таъкид гардид, ки Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Комиссия ва Нақшаи чорабиниҳои Комиссия ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ дар Комиссия мусоидат менамояд.

 

Календарь

21:23, 22nd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031