Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи кории Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 санаи 15 июн дар маҷлисгоҳи Комиссия бо иштироки котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ семинар-машварат доир гардид.

Дар кори семинар-машварат масъалаҳои тартиби барасмиятдарории диссертатсия, автореферати диссертатсия, парвандаҳои аттестатсионӣ ва омӯзиши масъалаҳои муҳимми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ баррасӣ гардиданд.

Муҳокимаю баррасии масъалаҳо, саволу ҷавоб ва баҳсу табодули aфкори котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ гувоҳи он буд, ки чунин семинар-машварат саривақтӣ ва зарурӣ ташкил шудааст.

Дар ҷараёни кори семинар-машварат иштирокчиён ба саволҳои худ аз масъулин посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки принсипҳои асосии фаъолияти Комиссияро риояи қонуният, шаффофият ва беғаразӣ ташкил медиҳад. Дар доираи ин муқаррарот Комиссия кӯшиш мекунад, ки парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда ҳаматарафа ва воқеъбинона баррасӣ ва баҳогузорӣ карда шаванд.

Роҳбарияти Комиссия ҳамеша барои таъмини тозагии илм талош варзида, ба муқобили амалҳои номуносибу носавоб дар фазои илми кишвар чораҳои муассир меандешад.

Баргузории чунин семинар-машваратҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ аз ҷониби Комиссия ба ҳукми анъана даромада, ташкили он дар дигар манотиқи мамлакат низ дар назар дошта шудааст.

 

Календарь

03:37, 23rd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031