Рӯзи 28-уми июн ҷаласаи навбатии Раёсати КОА баргузор гардид, ки дар кори он масъалаҳои зерин баррасӣ ва хулосабардорӣ карда шуданд:

  1. Дастурамал оид ба тартиби барасмиятдарории диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм, авторефератҳо ва мақолаҳои чопшуда доир ба мавзӯи диссертатсия.
  2. Дастури ташхиси диссертатсияҳои ба забони хориҷӣ (англисӣ) омодагардида.
  3. Тартиби дар шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии «Интернет» ҷойгир намудани иттилооти зарурӣ барои таъмини тартиби додани дараҷаҳои илмӣ.
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аъзои Раёсати КОА масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи мазкурро таҳти муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, аз рӯйи ҳар кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

 

Календарь

07:16, 3rd October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031