ДАВЛАТЗОДА Сайфиддин Хайриддин
аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор мекунад
Соли таваллуд: 25 сентябри соли 1970
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ, соли 1996 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос: химик-биолог
Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои биологӣ, дотсент, узви вобастаи АМИТ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ (бо луғат)
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не- не
Бо мукофоти давлатии медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шудааст
Кор ва фаъолияти собиқа:
09-11 соли 1988 |
Борбардори Идораи савдои шаҳри Норак |
Солҳои 1988-1990 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи советӣ |
01-05 соли 1991 |
Сарпешоҳанги Мактаби миёнаи №51, ноҳияи Данғара |
Солҳои 1991-1996 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон |
Солҳои 1996-1998 |
Ассисенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1998-2000 |
Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи институти ботаникаи АИҶТ, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2006 |
Омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 2006-2007 |
Дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2009 |
Мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009-2010 |
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2014 |
Сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2015 |
Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2015-2018 |
Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2018-2020 |
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2020-2024 |
Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» |