- Пурра
-
Санаи нашр: 13. Октябр 2023
-
4768
Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд – Комиссия) зодаи замони соҳибистиқлолии кишвар буда, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои илми кишвар соли 2014 арзи ҳастӣ намуд. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссия ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ буда, дорои аҳамияти сиёсӣ, таърихӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расид ва баъди бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2015, №377 таъйин шудани роҳбари муассиса, Низомнома ва сохтори Комиссия тасдиқ гардида, Комиссия ба фаъолият шуруъ намуд.
Фаъолияти амалии Комиссия дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ аз соли 2017 оғоз гардида, нахустин диссертатсияҳо ва парвандаҳои аттестатсионӣ аз шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ ва бастаи ҳуҷҷатҳо аз шуроҳои олимон (илмӣ)-и муассисаҳои мазкур барои дарёфти унвонҳои илмӣ, нострификатсияи (баробарарзишӣ)-и дипломҳои дараҷаҳои илмии дар хориҷи кишвар дарёфтгардида ва азнаваттестатсиякунонии дипломҳои дараҷаҳои илмие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо шартномаҳо оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳои дараҷаҳои илмиро надорад, аз охири соли 2017 ворид шудан гирифтанд.
Аз нахустин рӯзҳои оғози кори амалӣ принсипҳои асосии фаъолияти Комиссияро риояи қонуният, воқеъбинӣ, шаффофият ва беғаразӣ ташкил медиҳад. Дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа Комиссия кӯшиш мекунад, ки парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда ҳаматарафа, воқеъбинона бо назардошти дастовардҳои илмии бевоситаи довталабони дараҷаи илмӣ баррасӣ ва баҳогузорӣ карда шаванд.
Вале аз ин меъёрҳо гоҳе афроди иғвоангез бо даъвоҳои беасосу бебунёд суиистифода мекунанд. Саидов Нарзулло Бобоевич – собиқ декани факултети фарматсевтӣ ва ҳоло профессори кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораю иқтисодиёти фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз қабили чунин афрод аст. Саидов Н.Б. аз ибтидои соли 2020 то имрӯз нисбат ба фаъолияти Комиссия мавқеи носолим, ғайриилмӣ, ғаразноку душманонаро пеша карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханҳои беасос, иғвогарона ва туҳматангезро раво мебинад. Даъвоҳо ва навиштаҳои Саидов Н.Б., ки дар расонаҳо дарҷ мегарданд, борҳо аз ҷониби роҳбарияти Комиссия омӯхта шуда, ба ӯ ҷавоб низ гардонида, на як бору ду бор ба суҳбат низ даъват шудааст. Вале ин шахсияти иғвогар ҳамоно “ҳамадон” будани худро собит кардан мехоҳаду нисбат ба ниҳоди назди Президенти мамлакат буҳтонбофию ҳарзагӯиро идома дода, аз истифодаи суханҳои қабеҳу таҳқиромезона низ худдорӣ намекунад.
Номбурда олимону шаҳрвандони кишварро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунад, ки бар муқобили Комиссия маъракаи муғризонаи бадномкуниро ба роҳ монанд ва дар ин мубориза устувор бошанд. Алам ва кинаи Саидов Н.Б. нисбат ба Комиссия асосан дар он аст, ки ӯро ба ҳайси узви шурои диссертатсионӣ напазируфтаанд. Аз он, ки ӯро дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (минбаъд-Донишгоҳ) ба ҳайати шурои диссертатсионӣ напазируфтаанд (зеро кӣ будани ӯро мутахассисони соҳа ҳама медонанд), гуноҳи Комиссия нест. Аз ҷониби дигар, узви шурои диссертатсиониро муассиса интихоб карда, Шурои олимони муассиса бо қарори худ тасдиқ мекунад ва пас аз баррасиву дастгирии Шурои экспертии ҳамин самт, ки аз мутахассисони эътирофшуда таъсис ёфтааст, Раёсати Комиссия тасдиқ мекунад. Вале Саидов Н.Б. ин низомро нодида гирифта, дар ин соҳа танҳо худашро ҳамчун мутахассиси варзидаю босалоҳият ва ягона дар кишвар эътироф дораду халос. Ба қавли шоир,
Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,
Минқор дар оби шӯр дорад ҳама сол.
Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарияти Комиссия ӯро ҳамчун мутахассиси соҳа мехост дар ҳайати шурои диссертатсионӣ бинад. Аммо бинобар талабҳои бебунёду ғайривоқеӣ (бо ӯ мувофиқа намудани намзадҳо ба узвияти Шуро), дар раванди ташкили Шуро аз тарафи ӯ, роҳбарияти Донишгоҳ “тавсияву пешниҳодҳои” ӯро напазируфтаанд.
Шарҳҳои охири ӯ дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” собитгари гуфтаҳои болост. Номбурда дар яке аз шарҳҳои худ менависад: “Аъзоёни ВАК, ки худашон олимони фалшиви ҳастанд, диссертатсияҳои тасдиқкардаашонам фалшивӣ мешаванд. Роҳбарони илми шарм ҳам намекунанд. Оқубат руйи Тоҷикистон сиёҳ ва шармандагӣ” (услуб ва имлои Саидов Н. риоя шудааст).
Хонандаи азиз, худ қазоват кунед, ки вақте як зиёӣ бо назардошти манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ “оқибати кишвар ва рӯйи мамлакатро сиёҳ” (ибораҳо ва таъбири Саидов Н.) меномад, дигар чӣ ҳоҷати баҳсу мунозира? Дар ҳоле ки дар ибораҳои боло таҳқиру тавҳини рӯйрости мамлакат ба мушоҳида мерасад, ки қонунгузории амалкунандаи мамлакат барои чунин изҳорот муҷозотро пешбинӣ кардааст. Ба маълумоти хонандаи муҳтарам расонида мешавад, ки Раёсати Комиссия аз ҳисоби олимони варзидаю эътирофшудаи кишвар интихоб шуда, бевосита бо амри Пешвои муаззами миллат таъйин мегарданд.
Дар идомаи шарҳҳои бебунёди худ номбурда менависад: “Агар боз он касоне, ки дар ВАК-и Тоҷикистон тасдиқ кардааст, 80 фоизаш дуруғ ҳаст. Ҳайфи тоҷику илми тоҷик, ки бесоҳиб аст” (услуб ва имлои Саидов риоя шудааст). Ин даъвоҳои хушк ва пучу подарҳаво, туҳмату таҳқир бори дигар собит месозанд, ки баъзе ашхос дар ҷомеа аз ҳамин гуна кирдорҳои худ ризои хотир ҳосил мекунанд. Ба ӯ кӣ ҳуқуқ додааст, ки чунин ҳарзагӯӣ кунад?!Охир аз ибтидои фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илму маорифро самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат эълон намуданд ва дар ин соҳа дастовардҳо кам нестанд.
Мавсуф дар идома зикр мекунад: “То ҳол ба навистагиҳои ман дар сомонаҳо на ВАК, на Шурои диссертатсионии қалбакӣ ҷавоб нагардондааст. Ҳатто худи шурои диссертатсионии соҳаи "Фарматсевтӣ" фалшивӣ ҳаст. Олимони бемаълумотро гирифта, шифри илмиашонро дуруғакӣ нависта тасдиқ кардаанд” (услуб ва имлои Саидов риоя шудааст).
Дар иртибот ба ҳарзагӯию туҳматҳои Саидов Н.Б. ва фарҷоми бад доштани он роҳбарияти Комиссия ба мақомоти марбута мактуби расмии шикоятӣ ирсол карда буд. Мутаассифона, то ҳанӯз аз натиҷаи баррасии мактуб иттилоъе дар даст нест. Дар ин муддат номбурда ҳарзагӯию туҳматҳояшро дар расонаҳои иҷтимоӣ аз пештара дида шадидтар намуд. Ӯ гоҳ ба Вазорати маориф ва илм, гоҳ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва гоҳ ба Комиссия дармеафтад. Дар иртибот ба туҳмату ҳарзагӯиҳои Саидов Н.Б. ҷавоб гуфтан роҳбарияти Комиссия то имрӯз худдорӣ мекард, зеро бисёриҳое, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, ба дарди бедавои “нависо-навис” гирифтор аст. Акнун, ки ӯ тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, этикаи илмию касбӣ, забонӣ ва арзишҳои волои инсониро поймол карда, ба ҳарзагӯӣ ва таҳқир кардан гузаштааст, ба қавле, акнун корд ба устухон расид, хомӯширо бояд як тараф гузорем.
Номбурда одитарин риояи меъёри этикаи илмӣ, эҳтиром ба забони давлатиро поймол карда, ба таҳқири олимон гузашта, ба ҷойи ҳамкории созандаро пеш гирифтан ба носазогӯӣ нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ ва ватани азизи худ садо баланд кардааст. Зимнан, ба иттилоъ мерасонем, ки шурои диссертатсионии 6D.KOA-031 назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 11 нафар докторону номзадҳои илм иборат буда, ҳар кадоме дар самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ ва химия мутахассиси варзида маҳсуб меёбанд ва номзадии ҳар яки онҳо дар Шурои олимони Донишгоҳ, Шурои экспертии самти дахлдор ва Раёсати ҷиддию воқеъбинона муҳокима шудаанд.
Номбурда ошкоро дурӯғ мегӯяд. Бо иштироки ӯ дар Комиссия борҳо мулоқоту суҳбатҳо доир карда шуд. Аз ҷумла, санаи 12 ноябри соли 2021 Саидов Н.Б. ба Комиссия даъват шуда, дар ҳузури раиси Комиссия бо иштироки саркотиби илмии ҳамонвақта Базаров Ш., мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ Муминзода Б., раиси Шурои экспертии самти илмҳои тиббӣ, тандурустӣ ва фарматсевтӣ Юсуфӣ С.Ҷ., доктори илмҳои тиб, ходими давлатию ҷамъиятӣ – Сангинов Ҷумъабой Раҳматович машварати корӣ доир гардид, ки дар он навиштаҳо ва эродҳои мавсуф мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. ба ҳамаи даъвоҳои пучу беасоси номбурда дар шоҳидии шахсони зикршуда ҷавобҳои қонеъкунанда гардонид. Саидов Н.Б. ин мулоқотро хуш истиқбол намуда, хатоҳои худро дарк кард ва ваъда дод, ки минбаъд аз навиштани туҳматҳои беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба фаъолияти Комиссия худдорӣ мекунад. Ин мулоқот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмии комил доир гардида буд. Гузашта аз ин, таърихи 19 ноябри соли 2021 зимни вохӯрии раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. бо аъзои шуроҳои диссертатсионии дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амалкунанда ва ҳайати профессорону омӯзгорони ин муассиса шаҳрванд Саидов Н.Б. дар назди ҳозирин аз кори Комиссия ва роҳбарияти он изҳори хушнудию қаноатмандӣ намуда, мавҷудияти ин ниҳодро дар фазои илмии кишвар амри зарурӣ арзёбӣ намуда буд.
Мавсуф монанди пистаи бемағз ба ҳамаи баҳсҳо ҳамроҳ шуда, чунин менигорад: “Ҳоло шармандагӣ дар пеш аст. КОА (ВАК)-и Тоҷикистона бинед, вақто, ки низомномаашро бори аввал Ҳукумат қабул карда буд, ҳатто номи Украина нависта буд. Баъди ошкор шудан, Раиси КОА бахшиш пурсида, ислоҳаш кард. Лекин худи КОА ислоҳ нашуд. Низомномааш фақат номи давлати нависташуда бардошта шуд. Аммо дар дохили низомнома чӣ навистагӣ ҳаст дигар нашуд, ва аъзоёни Комиссия худашон намефаҳманд, ки он навистагиҳо чӣ маъно дорад. Аъзоёни Комиссия маънои илмҳои бо ҳам наздикро аз ҳамдигар фарқ намекунанд, ки ба илми тиб кадом равияҳо медарояду, ба химия кадом равияҳо медаряду ба филология кадом равияҳо” (услуб ва имлои Саидов Н. риоя шудааст). Ба иттилои хонандаи муҳтарам расонида мешавад, ки ин далел ҳам туҳматномаи навбатӣ ва ҳарзагӯиҳои шаҳрванд Н. Саидов буда, дар ягон низомнома боре ҳам номи давлати Украина зикр нашудааст. Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиби махсуси қабул дорад. Нахуст лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ тартиб дода шуда, то замони тасдиқ чандин расмиётро мегузарад, аз ҷумла бо мақомоту идораҳои давлатӣ мувофиқа шуда, баъдан барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Хонандагони расонаҳои хабарӣ ва шаҳрвандони кишвар бояд донанд, ки ҳар як соҳаи илм ва равияҳои он шиноснома (паспорт)-и худро дорад ва он аз назари олимони соҳа ва шурои экспертӣ гузашта, сипас дар Раёсати Комиссия тасдиқ мешавад. Агар Саидов Н.Б. ғайр аз худ дигар мутахассисонро эътироф надошта бошад, ин ҷо гуноҳи Комиссия нест. Ҳарзагӯӣ ҳам ҳадди худро доштагист. Ӯ ба чашми ҷомеа хок пошида, бо ин ҳарзагӯиҳо мехоҳад аз ҳисоби нафарони ноогоҳ ва аз асли воқеа бехабар сафи тарафдоронашро зиёд намояд. Чуноне ки маълум аст, ҳеҷ як санади меъёрии ҳуқуқӣ догма нест ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бо истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид мегарданд, ки ин амри воқеист. Аз ҷумла, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2023, № 1457 (26.5) лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 «Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Тартиби додани унвонҳои илмӣ» манзур гардид. Дар робита ба дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2023, № 6688 (26.5) лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои баррасӣ ва манзури хулоса пешниҳод гардида, аз мақомоту идораҳои давлатӣ хулосаҳои мусбат дастрас гардид.
Боиси хушнудист, ки санаи 26 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа тасдиқ гардиданд ва онҳо бешубҳа барои пешрафти фаъолият мусоидат менамоянд.
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Дар хотима бори дигар иброз менамоем, ки ҳамаи туҳмату буҳтонҳои шаҳрванд Н.Саидов нисбат ба Комиссия ягон асоси воқеӣ надошта, дар асоси ғараз ва кинаю адоват ва аз рӯйи манфиатҳои шахсӣ навишта шудаанд.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Роҳбарияти Комиссия барои таъмини тозагии илм ва пешгирии воридшавии шахсони тасодуфӣ ба он ва мубориза бар муқобили баъзе амалҳои номуносибу носавоб дар фазои илми кишвар олимони мамлакатро мунтазам ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон