Халилов Шавкат Бобоевич – котиби илмии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои физикаю математика.

Халилов Ш.Б. соли 1976 ба факултети механикаю математикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин дохил шуда, соли 1981 онро хатм намудааст ва бо роҳхат ба Институти математика бо Маркази ҳисобарории АИ ҶШС Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калон ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намудааст. Соли 1983 ҳамчун таҷрибаомӯз-таҳқиқотчӣ ба Институти математикаи шуъбаи сибирии АИ ИҶШС фиристода шуда, то соли 1985 таҷрибаомӯзи ин пажуҳишгоҳ будааст. Солҳои 1985-1988 давраи аспирантураи АИ ҶШС Тоҷикистонро сипарӣ намуда, соли 1988 рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Солҳои 1988-1991 аввал ходими хурди илмӣ ва баъд ходими илмии Институти математика бо Маркази ҳисобарории АИ ҶШС Тоҷикистон будааст. Баъд ба ҳайси омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи математикаи олии ДДТ, омӯзгори калони кафедраи математикаи Донишгоҳи (славянӣ) Тоҷикистону Россия ва инчунин корманди калони илмӣ, муовини директор оид ба илм ва ходими пешбари илми Институти математикаи АИ ҶТ фаъолият намудааст.

Дар якчанд конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Машҳади ҶИЭ, Исломободи ҶИП, Москва, Новосибирск ва Якутски ФР иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Дар маҷаллаҳои илмии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявии соҳаи математика зиёда аз 45 мақолаи илмӣ нашр намудааст.

Халилов Ш.Б. котиби илмии шӯрои диссертатсионии Институти математикаи АИ ҶТ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ва инчунин узви комиссияи ҳамоҳангсозии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

18:38, 22nd December 2024
«  Декабр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031