Бо қарори Раёсати
КОА назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2021,
 № 4 тасдиқ шудааст

ДАСТУРАМАЛ
ОИД БА САНҶИШИ ДАРАҶАИ АСОЛАТИ МАТНИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА АВТОРЕФЕРАТИ ДИССЕРТАТСИЯ АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ КОМПЮТЕРИИ «АНТИПЛАГИАТ»

1. Муқаррароти умумӣ

  1. Дастурамал дар бораи ба санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия ва автореферати диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии «Антиплагиат» (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби санҷиши матни диссертатсия ва автореферати онро, ки ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия)  барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, доктори ҳабилитат, номзади илм ё доктори илм аз шӯрои диссертатсионӣ барои баррасӣ ворид мешаванд, равиши муайян намудани маводи ғайриқонунӣ иқтибосшуда ва/ё иқтибоси қонунии носаҳеҳ овардашударо танзим менамояд.
  2. Дастурамал тарзи корбарии кормандони Комиссия,   аъзои шӯроҳои экспертӣ ва шӯроҳои диссертатсиониро дар мавриди санҷиши диссертатсия ва автореферати диссертатсия тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат» муқаррар менамояд.

2.Тартиби санҷиши диссертатсия ва автореферати диссертатсия

  1. Санҷиши диссертатсия ва автореферати диссертатсия бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» барои муайян намудани асолати онҳо ва  мавҷудияти ҳолатҳои асрдуздӣ амалӣ гардонида мешавад.
  2. Нусхаи электронии диссертатсия ва автореферати диссертатсияи ба Комиссия дар компакт-диск пешниҳодшаванда, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
  • дар сатҳи ғайрикории компакт-диск насаб, ном, номи падари довталаб, рамзи ихтисос бо фломастери покнашаванда навишта ё ҳамин гуна матни чопшуда часпонида шавад;
  • парвандаҳои (файлҳои) дохили диск дар формати «docx (MS Word)» сабт шуда бошанд;
  • ҳаҷми парвандаҳо аз 20 Мбайт зиёд набошад;
  •  расмҳо, ангораҳо, нақшаҳо, тасвирҳо ва дигар иттилооти графикӣ дар формати «jpg», «gif», ё  «png» пешниҳод карда шавад.

3. Ҳангоми риоя нагардидани шартҳои банди 2 Тартиби мазкур диск ба шӯрои диссертатсионӣ баргардонида мешавад.

4. Қисматҳои зерини диссертатсия санҷида мешаванд:

  • мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот аз рӯйи мавзӯи диссертатсия
  • дараҷаи омӯзиши масъалаи илмӣ ва заминаҳои назариявию методологии таҳқиқот
  • ҳадафҳои таҳқиқот
  • вазифаҳои таҳқиқот
  • навгониҳои таҳқиқот
  • аз боби якум (ба истиснои мавод ва методҳои таҳқиқот) то хулоса ва пешниҳодҳо (ба истиснои истинодҳои поварақӣ ва ҷадвалу иттилооти графикӣ).

Дар ин маврид талаб карда мешавад, ки асолати матни диссертатсияҳои равияҳои илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва тиббӣ, байторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ аз 75% (бо дарназардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ) ва асолати матни диссертатсияҳои равияи илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ бо бекор кардани модулҳои азнавбаёнкунӣ бояд аз 80% (бо дарназардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ) кам набошад.

5. Агар диссертатсия бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) навишта шуда бошад, он гоҳ то мукаммал гаштани махзани маълумотҳои Комиссия ба ғайр аз диссертатсия инчунин матни қисматҳои зерини  тарҷумаи русии автореферати он санҷида мешаванд:

  • мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот аз рӯйи мавзӯи диссертатсия
  • дараҷаи омӯзиши масъалаи илмӣ ва заминаҳои назариявию методологии таҳқиқот
  • ҳадафҳои таҳқиқот
  • вазифаҳои таҳқиқот
  • навгониҳои таҳқиқот
  • қисмати асосии автореферат ва хулосаю пешниҳодҳо (ба истиснои истинодҳои поварақӣ ва ҷадвалу иттилооти графикӣ).

Дар ин маврид талаб карда мешавад, ки асолати матни автореферати диссертатсияҳои равияҳои илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва тиббӣ, байторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ аз 80% (бо дарназардошти то 10% иқтибосҳои саҳеҳ) ва асолати матни автореферати диссертатсияҳои равияи илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ бо бекор кардани модулҳои азнавбаёнкунӣ бояд аз 85% (бо дарназардошти то 10% иқтибосҳои саҳеҳ) кам набошад.

Корманди Комиссия, ки масъули гузарондани санҷиш аст пас аз ворид намудани диссертатсияи омодагардида тибқи талаботи банди 4 ва автореферати диссертатсия – тибқи талаботи банди 5 боби 2 ба барномаи компютерии «Антиплагиат», ҳамаи манбаъҳои ба интишороти илмии муаллифи диссертатсия мувофиқатдоштаро, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ ба нашр расидаанд, аз Ҳисоботи пурраи барномаи компютерии «Антиплагиат» лағв менамояд.

6. Корманди масъули Комиссия, ки диссертатсия ё автореферати онро аз санҷиш гузаронидааст, ба маълумотномаи натиҷаи санҷиш имзо мегузорад, онро дар дафтари махсус ба қайд мегирад ва ба шуъбаи аттестатсионии дахлдор месупорад.

7. Дар мавриди ба меъёрҳои муқаррарнамудаи бандҳои 4 ва 5 боби 2 мувофиқат накардани асолати матни диссертатсия ва ё  автореферати он, натиҷаи санҷиш ба Комиссияи дохилиидоравӣ  оид ба санҷиши асолати матни диссертсия ва автореферат пешниҳод карда мешавад.

8. Санҷиши диссертатсия ё автореферати он бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» музднок буда, музди он тибқи нархномаи бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷ.Т. мувофиқашуда ба суратҳисоби махсуси Комиссия пардохт карда мешавад.

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

14:17, 28th November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930