- Пурра
-
16898
Гулаҳмадов Ҳайдар Шарифович – мудири шуъбаи табиӣ-математикӣ ва техникии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон», доктори илмҳои техникӣ, дотсент.
Гулаҳмадов Ҳ.Ш. баъди хатми мактаби миёнаи №54 ш.Душанбе соли 1984 ба Омӯзишгоҳи олии техникӣ ба номи Н.Э.Баумани ш.Москва (ҳозир Донишгоҳи давлатии техникӣ) ба ихтисоси «Автоматикунонӣ ва механикунонии истеҳсолот» дохил шуд. Солҳои 1985-1987 хизмат дар сафи Артиши Советӣ. Баъди хизмати ҳарбӣ соли 1993 факултети «Механикӣ ва технологӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси «Дастгоҳ ва асбобҳои металлбурӣ» хатм намудааст.
Гулаҳмадов Ҳ.Ш. фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми донишгоҳ дар кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и донишгоҳи мазкур оғоз намуда, соли 1995 дар аспирантураи Донишкадаи пулод ва хӯлаи ш.Москва таҳсил кардааст. Аз соли 1998 то 2002 дар Кумитаи давлатии саноати Ҷумњурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбар, баъдан сардори Раёсати мошинсозӣ, электроника ва электротехника фаъолият намудаст. Солҳои 2002 – 2009 фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2009 то 2016 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба ҳайси мудири кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» ва декани факултети «Технологияҳои химиявӣ ва металлургия» ва аз соли 2016 то 2017 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳияи Синои ш.Душанбе кор кардааст. Вакили Маљлиси вакилони халқи ноњияи Сино аз ҳавзаи №34 аз соли 2015.
Муаллифи зиёда аз 45 мақолаи илмӣ, 7 дастури методӣ-таълимӣ, ду монография мебошад. Самти корҳои илмӣ-таҳқиқотиаш ба таҳияи усулҳои коркарди ашёи хоми алюминийдор равона карда шудааст.