Шамсиддинов Амриддин Ҷамолиддинович – мутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои химия.

Баъди хатми мактаб-интернати ш. Панҷакент (1975-1976) дар корхонаҳои тамоку ва консервабарории ин шаҳр ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намудааст. Солҳои 1976-1978 дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат намудааст. Солҳои 1981-1986 дар факултети индустриалию педагогии ДДО ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) таҳсил намудааст. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти худро дар факултети номбурда идома додааст.

Шамсиддинов А.Ҷ. солҳои 1988-1991 аспиранти институти химияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон будааст. Аз соли 1991 то 1994 аввал ҳамчун муаллим ва баъд ба сифати омӯзгори калон дар кафедраи фанҳои умумитехникии факултети индустриалию педагогии ДДО кор кардааст. Тайи солҳои 1994-2002 дар вазифаҳои сардори шуъбаи рушди соҳаҳои саноат ва сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Вазорати иқтисод кор кардааст. Солҳои 2002-2007 дар ҶСК «Тюльганнефтепродукт»-и Федератсияи Россия дар вазифаҳои технолог ва муовини директори генералӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2007-2010 дар Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва солҳои 2010-2016 дар ҶДММ «Миррих» кор кардааст.

Шамсиддинов А.Ҷ. дар якчанд конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ маърӯзаҳои илмӣ карда, 9 мақолаи илмӣ ба нашр расонидааст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

20:30, 3rd July 2024
«  Август 2024  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031