28 марти соли 2023, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-056 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734027, ш. Душанбе, маҳалаи Буни Ҳисорак, факултети физика, бинои 16, синфхонаи 206) ҳимояи диссертатсияи Каримов Сорбон Каримович дар мавзӯи «Сохтор ва хусусиятҳои физикию механикии пардаҳои полимерии бо кристалли моеъ диспергиронидашуда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика аз рӯйи ихтисоси 01.04.07 - Физикаи ҳолатҳои конденсӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

19:20, 20th April 2025
«  Апрел 2025  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930