- Пурра
-
Санаи нашр: 09. Апрел 2020
-
3361
09 июли соли 2020, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода дар мавзӯи «Таърихи вексиллология ва гералдикаи тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ – аввали асри XXI» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 - Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АИ ҶТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.