- Пурра
-
Санаи нашр: 05. Май 2020
-
3291
16 сентябри соли 2020, соати 12:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, ДМТ, бинои № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Кобилзода Мирзоодили Мирзомалик дар мавзӯи «Тадқиқи ҳалҳои мусбат ва маҳдуд барои синфҳои нави системаҳои муодилаҳои дифференсиалии оддии ғайрихаттӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.02 – Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ шинос шудан мумкин аст.