23 сентябри соли 2020, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 17, факултети механикаю математика, аудиторияи 216) ҳимояи диссертатсияи Шукурова Ганҷина Нарзиқуловна дар мавзӯи «Тасвири ҳалли аниқ барои як синфи муодилаҳои интегралии намуди Волтерра бо махсусият ва махсусияти логарифмӣ дар ядро» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

11:47, 22nd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930