- Пурра
-
Санаи нашр: 14. Август 2020
-
3764
14 ноябри соли 2020, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67) ҳимояи диссертатсияи Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович дар мавзӯи «Методикаи татбиқи босамари технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар низоми омодасозии иқтисодчиёни оянда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (информатика, таҳсилоти миёнаи касбӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.