- Пурра
-
Санаи нашр: 15. Сентябр 2020
-
3603
19 декабри соли 2020, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-001 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121) ҳимояи диссертатсияи Шарипов Хуршед Алихонович дар мавзӯи «Методикаи таълими забони англисӣ бо истифода аз технологияҳои мултимедӣ дар ихтисосҳои гуманитарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ (самти «Таърих ва ҳуқуқ»)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (забонҳои хориҷӣ) (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 шинос шудан мумкин аст.