- Пурра
-
Санаи нашр: 25. Сентябр 2020
-
4282
26 декабри соли 2020, соати 900 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-055-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ, 35, факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, толори Шӯрои олимон) ҳимояи диссертатсияи Субҳонқулов Изатулло Астанаевич дар мавзӯи «Таҳқиқоти омории низоми ҳавасмандгардонии моддии кормандон (дар мисоли муассисаҳои Иттиҳоди «Тоҷикматлубот»)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.12 – Ҳисоби муҳосибӣ, аудит ва омор баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.