25 январи соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Иброҳимов Пайрав Рустамович дар мавзӯи «Рафтори анодӣ ва оксидшавии хӯлаи руҳ Zn0.5Al, ки бо хром, манган ва молибден ҷавҳаронида шудааст» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.17.03 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия, 05.02.01 – Маводшиносӣ (дар мошинсозӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи АМИТ ва дар китобхонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин бо нишонии 734063, ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

12:53, 3rd July 2024
«  Июл 2024  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031