- Пурра
-
Санаи нашр: 29. Октябр 2020
-
1952
29 январи соли 2021, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 011 дар назди МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатолгии Тоҷикистон” - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 31) ҳимояи диссертатсияи Маликоева Соҷида Амиралиевна дар мавзӯи «Ҷанбаҳои тиббӣ-иҷтимоии солимии заноне, ки хунравии акушериро аз сар гузаронидаанд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯи ихтисоси 14.01.01 – Момопизишкӣ ва бемориҳои занона баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатолгии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи илмии пажӯҳишгоҳ бо нишониии ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 31 шинос шудан мумкин аст.