- Пурра
-
Санаи нашр: 18. Ноябр 2020
-
2951
18-уми феврали соли 2021 дар соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, “Шаҳраки донишҷӯён”, бинои 16, ошёнаи 2, толори Шӯрои олимон) ҳимояи рисолаи номзадии Иронова Сафина Шириншоевна дар мавзуи “ Таъсири гипоталамус ва қишри сенсомоторӣ ба рафтори ҳайвонот ҳангоми ташнагӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.03.01 – Физиология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.