- Пурра
-
Санаи нашр: 30. Декабр 2020
-
2874
30 марти соли 2021, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-033 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Маллаева Манижа Абдуғаффоровна дар мавзӯи «Таҳлили қиёсии вежагиҳои луғавию маъноии истилоҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ дар забони тоҷикӣ (дар мисоли Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.