- Пурра
-
Санаи нашр: 30. Декабр 2020
-
4984
09 апрели соли 2021, соати 12:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-037 дар назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4) ҳимояи диссертатсияи Талбаков Фарҳодҷон Маҳмадшович дар мавзӯи «Дар бораи наздикшавии мутлақи қаторҳои Фурйеи функсияҳои қариб даврии мунтазам ва баъзе масъалаҳои наздикшавии онҳо» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИ Тоҷикистон ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4 шинос шудан мумкин аст.