- Пурра
-
Санаи нашр: 21. Январ 2021
-
2715
27 апрели соли 2021, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Назаров Аваз Қувватович дар мавзуи «Ҳуқуқи ҷиноятии исломӣ ва татбиқи он дар давлатҳои дорои унсурҳои низоми ҳуқуқи исломӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он (таҳлили муқоисавии ҳуқуқӣ–ҷиноятӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисосҳои 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ; (илмҳои ҳуқуқшиносӣ); 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.