27-уми майи соли 2021, соати 9:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо, 10а) ҳимояи диссертатсияи Нарзуллоев Зубайдулло Файзуллоевич дар мавзӯи «Хосиятҳои хӯлаҳои рӯҳӣ – алюминийи Zn5Al, Zn55Al бо оҳан ва никел» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.16.09 – Маводшиносӣ (дар мошинсозӣ) ва 05.16.02 – Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10а шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

15:16, 25th November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930