14 майи соли 2021, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-058 назди МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” (ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 139) ҳимояи диссертатсияи Раҳмонов Афзунмеҳр Усмоналиевич дар мавзӯи «Таҳияи таркиб ва технологияи шакли доруворӣ дар асоси моддаҳои фаъоли биологии мармараки мускатие, ки дар Тоҷикистон мерӯяд» барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D110400 – Фарматсия баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 139 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

10:54, 24th November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930