- Пурра
-
Санаи нашр: 08. Апрел 2021
-
3305
9 июли соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА–044 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121) ҳимояи диссертатсияи Маҳмадаминов Маҳмадалӣ Назирович дар мавзӯи “Асосҳои методии истифодаи муодила ва нобаробариҳо ҳангоми омӯзиши химия ҳамчун воситаи амалигардонии робитаҳои байнифаннӣ дар синфхои 8-9" барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рўи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 шинос шудан мумкин аст.