- Пурра
-
Санаи нашр: 04. Июн 2021
-
4286
25 сентябри соли 2021, соати 10:00 дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146) ҳимояи диссертатсияи Олимов Дилшод Абдулхайрович дар мавзӯи «Танзими давлатӣ ва рушди мутавозуни зермаҷмӯи гӯшту шир дар шароити иқтисоди бозорӣ (дар асоси маводҳои комплекси агросаноатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва кишоварзӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.