- Пурра
-
Санаи нашр: 17. Июн 2021
-
3903
27 сентябри соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Аҳмадшоев Иброҳим Шарифович дар мавзӯи «Омилҳои физикавию химиявии технологияи ҳосилкунии флюсҳо аз ашёи хоми маъданҳои маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D072000 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи АМИТ ва дар китобхонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин бо нишонии 734063, ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.