- Пурра
-
Санаи нашр: 30. Июн 2021
-
2634
30 сентябри соли 2021, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-001 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121) ҳимояи такрории диссертатсияи Ҳалимова Зарина Раҳимҷоновна дар мавзӯи «Асосҳои лингводидактикии ташаккули муоширати касбӣ бо забони хориҷӣ дар донишҷўён – омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (забонҳои хориҷӣ) (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 шинос шудан мумкин аст.