- Пурра
-
Санаи нашр: 07. Июл 2021
-
2573
15 октябри соли 2021, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-037 дар назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4) ҳимояи диссертатсияи Комилов Оқил Одилович дар мавзӯи «Квазигурӯҳҳои диассотсиативӣ ва таснифи онҳо» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.06 – Мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4 шинос шудан мумкин аст.