- Пурра
-
Санаи нашр: 09. Июл 2021
-
2695
16 октябри соли 2021 соати 12:00 дар Шўрои диссертатсионии 6D.КОА-023 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои таълимии 2, толори маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Шаропова Насиба Ҳафизовна дар мавзўи «Иқтидори захиравии минтақа дар низоми омилҳои рушди иқтисодиёти он (дар мисоли шаҳри Исфараи вилояти Суғд)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05-Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДҲБСТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои китобхона шинос шудан мумкин аст.