- Пурра
-
Санаи нашр: 23. Сентябр 2021
-
1450
23 декабри соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10, маҷлисгоҳи Шӯрои диссертасионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Нематов Дилшод Давлатшоевич дар мавзӯи «Самтгирии молекулаҳои КДН дар сатҳи пленкаҳои металооксидии аз ҷиҳати биологӣ муфид» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.16.09 – Маводшиносӣ (дар нанотехнология) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10, шинос шудан мумкин аст.