28 декабри соли 2021, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10а) ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияи Амирзода Ориф Ҳамид дар мавзӯи «Асосҳои илмӣ-амалии идораи истифодаи об ва хусусиятҳои хоси гидрохимиявии захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисосҳои 05.23.04 – Обрасонӣ, обу корез, системаҳои сохтмонии ҳифзи захираҳои об ва 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10а шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

21:36, 22nd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930