25-декабри соли 2021, соати 10-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-025 назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139) ҳимояи диссертатсияи Шамсидинов Бобоназар Насридинович дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии муолиҷа ва офиятбахшии кӯдакони бемори гирифтори папилломатози ханҷара» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.03 – Бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишони ш. Душанбе, кӯчаи Сино 30/1 шинос шудан мумкин.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

02:06, 22nd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930