- Пурра
-
Санаи нашр: 29. Сентябр 2021
-
3259
29 декабри соли 2021, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 011 дар назди МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатолгии Тоҷикистон” - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 31) ҳимояи диссертатсияи Сайдаҳмадова Шаҳло Ҷумахоновна дар мавзӯи «Хусусиятҳои инкишофёбии пренаталии ҷанин дар занҳои ҷоғари диффузии эутиреоидӣ ва ҳипотироксинемияи гестатсионӣ дошта » барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯи ихтисоси 14.01.01 – Момопизишкӣ ва бемориҳои занона баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатолгии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи илмии пажӯҳишгоҳ шинос шудан мумкин аст.