- Пурра
-
Санаи нашр: 13. Октябр 2021
-
1735
13 январи соли 2022, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10а) ҳимояи такрории диссертатсияи Бурҳонзода Амондуллои Саидалӣ дар мавзӯи «Ташхиси компютерии маводи функсионалии бо ионҳои гуногун легиронидашуда (ҷавҳаронидашуда) тавассути усулҳои химияи квантӣ ва динамикаи молекулавии классикӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.16.09 – Маводшиносӣ (дар нанотехнология) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10а шинос шудан мумкин аст.