26 феврали соли 2022, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-015 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146) ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияи Парвизи Ҳотам дар мавзӯи «Баҳодиҳии зарфияти агроландшафти заминҳои обёрии водии Данғара бо истифодаи технологияи системаи геоиттилоотӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D081000 - Мелиоратсия, барқарорсозӣ ва ҳифзи замин баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

03:31, 22nd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930