- Пурра
-
Санаи нашр: 28. Март 2022
-
3356
30 июни соли 2022, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, шаҳраки Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи 503) ҳимояи диссертатсияи Раҷабова Марҳабо Тӯхтасуновна дар мавзӯи «Таҳаввули назми арабизабони форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва асри XII (дар заминаи «Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср»-и Имодуддини Исфаҳонӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (адабиёти араб ва форсӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.