- Пурра
-
Санаи нашр: 28. Июн 2022
-
1334
14 сентябри соли 2022, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-026 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи такрории диссертатсияи Мамадҷонов Самеъҷон Ҳабибуллоевич дар мавзӯи «Асосҳои педагогии рушди қобилияти созмондеҳии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.