- Пурра
-
Санаи нашр: 30. Июн 2022
-
2638
20 сентябри соли 2022, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17) ҳимояи диссертатсияи Муминзода Орифҷони Сафо дар мавзуи «Проблемаҳои танзими суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии ҳуқуқи граждании соҳибони воситаи нақлиёти автомобилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.